«Рамис-Испечак» пеш аз муҳлат унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон Чемпионати мамлакат  миёни собиқадорон роҳандозӣ гардид.

Дар мусобиқа 9 даста — «Рамис-Испечак», «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Фирдавс-40»-и шаҳри Душанбе, «Давлат-Содиқ»-и ноҳияи Восеъ, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, «Шери Восеъ»-и  ноҳияи Восеъ, «Хайр»-и шаҳри Вахдат  ва «Собиқадорон»-и шаҳри  Душанбе ширкат намуда, байни ҳам рақобат карданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Рамис-Испечак», ки қабл аз муҳлат унвони чемпиони мусобиқаро соҳиб шуда буд, дар бозии охирини давр бо дастаи футболи   «Давлат Содиқ»-и ноҳияи Восеъ қувва санҷид. Ин бозӣ бисёр ҷолиб ҷараён кард. Дар ҳайати ҳарду дастаҳо собиқ бозингарони  дастаи мунтахаби Тоҷикистон,  аз қабили Суҳроб Ҳамидов, Шуҷоат Неъматов, Одил Эргашев, Юсуф Рабиев, Баҳодур Суфиев, Анвар Норқулов ва дигарон ҳунарнамоӣ доштанд.

Дар ин сабқати ҷолиб дастаи  «Рамис Испечак» бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардид. Голҳоро аз ҳайати ғолибон Шуҷоат Неъматов ва Суҳроб Ҳамидов ба ҳадаф  расониданд. Ҳарду голро аз ҳайати  дастаи  «Давлат Содиқ» Изатулло Исҳоқов зад. Ҳамин тавр, дастаи футболи «Рамис-Испечак» бори сеюм чемпиони Тоҷикистон  гардид.

Ёдовар мешавем, ки имсол бинобар паҳншавии бемории Ковид-19 мусобиқот аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: