Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон — 2016» баргузор мегардад

Баҳри амалӣ намудани «Барномаи таҳкими исеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот» ва иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  22 то 24 июли соли равон дар МД «Кохи Борбад» баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016»- ро ба нақша гирифтааст.
Кушодашавии расмии Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» 22  июл  соати 10:00 дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: