Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Шаҳристонро даъват намуданд, ки дӯстию ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш бахшанд

Тавре мо қаблан иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд 24 июн бо фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронии худ дар назди фаъолони ноҳияи Шаҳристон, ки бо кишвари ҳамсоя  ҳамсарҳад мебошад, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дӯстӣ ва  ҳамкориҳои тиҷоратиро  бо  ӯзбекҳо  густариш бахшанд.   «Ноҳияи Шаҳристон бо кишвари ҳамсояву дӯсти мо — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад, ки ин омил барои сокинони он имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Яъне бо истифода аз ин имконият шумо метавонед ҳарчи бештар ҳамкорӣ кунед ва робитаҳои дӯстиву тиҷоратиро бо бародарони ӯзбек густариш бахшед», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ  намуданд, ки дар ноҳияи Шаҳристон тоҷикону ӯзбекҳо дӯстона ва аҳлона  зиндагӣ мекунанд. «Шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд», – гуфтанд Сарвари давлат.

Ҷаноби Олӣ ҳамчунин таъкид намуданд: «Фаромӯш накунед, ки ҳар давлате, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва мардумаш дӯстона зиндагиву кор мекунанд, он давлат рушд меёбад ва нуфузу обрӯяш дар ҷаҳон баланд мегардад».

Хотиррасон менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июн  бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

АМИТ "Ховар"