Рӯзи 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд баргузор шуд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баробари дигар соҳаҳо робитаҳои муассисаҳои олии таълимии ҳарду кишвар бо ҳам наздику қавӣ мегардад. Айни ҳол наздики 3000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил доранд ва ин нишонаи олии ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бинобар имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, ректори Донишгоҳ иқдом кард, ки минбаъд дар марҳилаи якум барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Синхуа 10 квота ва дар марҳилаи дуюм 50 квота ҷудо мегардад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони Профессори фахрии соҳаи иқтисод сарфароз карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарафёбӣ ба унвони профессори фахрии соҳаи иқтисоди яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Чин изҳори қанатмандӣ карда, ба ҳайати роҳбарӣ ва Шӯрои илмии ин муассисаи олии таълимӣ барои қадршиносиашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи Синхуа ба ҳайси муассисаи олии таълимии барӯманд дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва берун аз марзҳои он шӯҳрат пайдо карда, намунаи манзалати байналмилалии Чин ва таҷассумгари орзуҳои насли ҷавони ин кишвар аст.
Дар ин даргоҳи бошукӯҳи илму маърифат чандин наслҳо таълиму тарбия ёфтаанд, ки раиси собиқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ва роҳбари имрӯзаи он Си Ҷинпин аз ҷумлаи онҳоянд ва ин шахсиятҳои барҷаста дар рушду такомули муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин нақши арзанда доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба роҳ мондани робитаи мустақими ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ду давлат метавонад ба рушду тавсеаи бештари робитаҳои фарҳангиву илмӣ нақши арзанда гузорад.
Бо қанатмандӣ таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Чин дар соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки намунаи барҷастаи он мубодилаи донишҷӯён ва фаъолияти марказҳои таълимию фарҳангии муштарак мебошанд.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишҷӯёни тоҷикро, ки дар ин донишгоҳ барои вохӯрӣ бо Сарвари давлати худ ҷамъ омадаанд бо Рӯзи дониш, ки ҳамасола якуми сентябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбод гуфтанд ва бори дигар таъкид бар он доштанд, ки умеду ормонҳои давлат ва миллати тоҷик аз насли наврасу соҳибмаърифати мамлакат хеле бузургу беандоза аст.