Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Си

Дар роҳи сафар аз шаҳри Пекин ба шаҳри Сямэн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Далян боздид намуда, бо Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Си мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои доманадор ва судовар байни вилоятҳои Тоҷикистон ва ин музофоти пешрафтаи Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо самтҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, энергетика, коркарди маъданҳо, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду миёна, фарҳангу маориф, хусусан ба роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд.

Ҷалби бештари сармояи ширкату идораҳои саноатию сохтмонии Чин ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таҷдиду навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ иқдоми муҳим барои ба сатҳу сифати беҳтар расонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.