Паёми Пешвои миллат баҳри ободии мамлакат ва осудагии мардум равона гардидааст

Дар толори ҶСК «Тоҷик-Эйр» вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаҳои Улуғбек, Афзалӣ ва кормандони корхонаи мазкур доир карда шуд. 

Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки аз олимону устодон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмониданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷгардидаро пурра омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани  онҳо саҳми назаррас гузорем. Танҳо дар ин сурат мо худро соҳибватану миллатдӯст ном бурда метавонем. Пешниҳодҳои Паёми имсола баҳри ободӣ ва осудагии ҷумҳуриамон равона гардидаанд. Бо амалӣ гардидани ин пешниҳодҳо  мардум метавонанд бо зиндагии шоиста  таъмин гарданд.

АМИТ "Ховар"