Кейзо Такемӣ аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ намуд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои Рушди Устувор эътибори ҷиддӣ дода, ҳамчун мақоми олии қонунгузории мамлакат барои  амалӣ гардидани ҳадафҳои он тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад. Ин матлабро дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо Раиси Анҷумани Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд КейзоТакемӣ изҳор намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳанўз моҳи октябри соли 1993  дар чандин ришта Созишнома дар бораи ҳамкориҳои судмандро ба имзо расониданд. Ҳамзамон соли 2015 дар заминаи Изҳороти қаблӣ Ҳадафҳои Рушди Устувор барои то солҳои 2030 қабул гардид, ки ҳадаф ва вазифаи ин ҳуҷҷати муҳим  хусусияти таъмини се нуқтаи (иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ) консепсияи рушди устуворро дар бар мегирад.

«Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Анҷумани Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раисикунандаи гурўҳи парлумонии Кумитаи доимоамалкунандаи сармоягузории самти фаъолияти ҷавонон интихоб шудааст. Мо итминон дорем, ки дар ин самт корҳои назаррасро анҷом дода, дар якҷоягӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ноил хоҳем гашт”,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Анҷумани Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Кейзо Такемӣ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ бо Мудири Барномаи рушди СММ ёдовар шуда, аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Кейзо Такемӣ ҳамзамон аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба ҳалли қазияи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ёдовар шуда, мавқеи Тоҷикистонро, ки ҳалли қазияи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяро дар идомаи музокироти созанда, танҳо бо роҳҳои сулҳомез ва дар доираи иҷрои содиқонаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти Созмони Милал мебинад, дастгирӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфуз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001 узви  Анҷумани  Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) гардидааст.

АМИТ "Ховар"