ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар шимоли кишвар боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад.  
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 28 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 34 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрнок шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 14 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 32 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, пагоҳ, 29 сентябр дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар бо сабаби вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал меояд.