Имрӯз Асосгузори суҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба имзо расонид.
Дар Қонун авфи шахсоне, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир намудаанд, пешбинӣ карда мешавад.
Матни пурраи Қонун дар матбуот чоп мешавад