«Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд», — навиштааст Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абуфаттоҳ ШАРИФЗОДА дар мақолаи худ, ки дар маҷмӯаи тозанашри Академияи илмҳои Тоҷикистон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот» чоп шудааст. Дар зер матни пурраи ин мақоларо пешкаши хонандагон мегардонем.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Дар шароити фалач гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд: «муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд». Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд. Ҳамаи қарору қонунҳое, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ, ки дар Иҷлосия интихоб гардид, имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шавад.
Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. Дар лоиҳаи қарор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пешбинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент минбаъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда шавад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пешниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро ташкил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Барҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Эмомалӣ Раҳмон (Э.Ш. Раҳмонов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва воситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳисобида буд.
Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Парлумони ҷумҳурӣ ба Шӯрои Олии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристанд.
Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули қонун дар бораи гурезагон, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар и ҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Бо назардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба халъи силоҳ дар миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як қатор қарорҳо қабул карда, онҳоро ба ҳаёт татбиқ намуд.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Ба касодии иқтисодӣ нигоҳ накарда, роҳбарияти мамлакат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии худ чораҳои мушаххас андешид.
Муҳимтарин дастоварди таърихии Давлати Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки вай тавонист дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар То ҷикистон хомӯш созад. Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ ҷанговарони Ҷабҳаи халқӣ, ходимони милиса, Кумитаи амнияти миллӣ хизматҳои шоён карданд. Дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобшуда, ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва таъминкунандаи ниёзи мардум таъсис ёфт ва фаъолияташро дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ оғоз намуд. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо назардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳли ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Авфи умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд.
Ба роҳбарияти давлату ҳукумат муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумҳуриро ба низом оварад. Халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор гардидааст вақодир аст амнияти ҷомеаро таъмин намояд.
Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ, бетаъхир таъсис додани артиши миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иқтисодӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва ловозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳҳал намуд.
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар давраи ваколаташ қонунҳои зиёде қабул кард, ки аксари онҳо ба таҷдиди назар ва такмили ҷиддӣ эҳтиёҷ доштанд. Зарур буд, ки, пеш аз ҳама, қонунҳои конститутсионӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Мувофиқи Қонун «Дар бораи ислоҳоти конституционӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва татбиқи амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин самт кори такмили қонунгузорӣ ва таҳияи қонунҳои нави вобаста ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар мавқеи аввал меистод.
Санадҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, қонунҳо дар бораи силоҳ, дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар навбати аввал таҳия ва қабул карда шуданд.
Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.
Қонунҳои конституционӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба ма ҷлисҳои маҳаллии халқ», «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо», «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа» аз ҷониби мақоми олии қонунгузор баррасӣ ва қабул шуданд. Дар ҷумҳурӣ асоси ҳуқуқии таъсиси ҳам мақоми намояндагӣ – Маҷлиси Олӣ ба сифати ягона мақоми қонунгузор ва ҳам мақомоти маҳаллӣ ба вуҷуд омад.
Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят менамуд.
Иҷлосияи XVI (даъвати дувоздаҳум) ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Дар Иҷлосия 74 номгӯй қарору қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқи баррасӣ ва қабул шуданд, ки рушди минбаъдаи ҷумҳуриро муайян намуданд.
Соли 1999 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бартарии Парламенти касбӣ, ки он имконияти беҳбудии қонунҳои қабулшаванда ва пурра ифода шудани манфиати ҳудудҳои алоҳида ва гурӯҳҳои и ҷтимоиро медод, сохтори Парламенти думаҷлиса муайян гардид, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ма ҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор қонунҳое таҳия месозад, ки онҳо бояд аз тарафи Ҳукумат татбиқи амалии худро ёбанд. Парламент дар таъйин кардани шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунад. Ин салоҳият мувозинаест, ки тавозуни ҳокимиятро таъмин менамояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳақиқатан қонунгузор ва намояндагӣ, ифодагари манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷамъият зуҳур намуд.
Хушбахтона, парламенти касбӣ аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт. Гувоҳи ин гуфта қабул кардани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрии муҳиме мебошанд, ки аз ҷониби намояндагони мардумӣ мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд. Парламенти имрӯзаи Тоҷикистон намунаи демократизми муосир аст, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун, фраксия ва гурӯҳҳои вакилон амал мекунанд. Фаъолияти Маҷлиси Олӣ собит намуд, ки чунин сохтори ҳокимияти қонунгузор ҷавобгӯйи манфиатҳои ҷомеа ва кишвар буда, барои сари вақт қабул кардани қонунҳо ва бо тақозои пешрафти ҳаёти кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои мавҷуда имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар тавонист такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро таъмин намояд. Қонунҳои қабулшуда масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим дароварда, ба густариши ботадриҷ Тоҷикистонро сӯи ҷомеаи мутамаддини муосир ҳидоятнамуданд.
Барои расидан ба ин сатҳи инкишофи ҷомеа пеш аз ҳама зарурати мустаҳкам намудани давлат ва танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти он ҳамчун созмондиҳандагони ҳаёти ҷомеа зарур аст. Бо назардошти ин нукта, қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он асоси дигаргуниҳои сохтории ҳокимияти иҷроия гардид.
Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳалаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд. Бо мақсади кафолати татбиқи меъёрҳои конституционӣ Суди конституционӣ таъсис дода шуд, ки он мувофиқ будан ё набудани санадҳои меъёриву ҳуқуқиро бо Конститутсия муайян мекунад ва дар фаъолияташ аз ягон мақоми дигар вобаста нест.
Конститутсия сохтори давлатии Тоҷикистонро ба сифати давлати ягона муайян намудааст. Дар он тартиби нави муносибати байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шуд. Мустақилияти маҳал таъмин ва роҳбарии марказиятнок амалӣ гардид, зеро ҳокимияте, ки аз нигоҳи маъмурӣ ё сиёсӣ худ ҷиддан танзим наёфта бошад, ба фаъолият қодир нест. Бо назардошти шароити рӯз масъулияти ҳокимияти маҳаллӣ дар назди марказ пешбинӣ шудааст.Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбири зерин низ андешида шуд: мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милиса, гумрук ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахӯрӣ ба обруву эътибори ҳокимият иснод меоварданд, тоза карда шуд.
Фаъолияти вазоратҳои умури дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи Конститутсия аз нав сохта, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд, сохторҳои қудратқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори муҳофизат намудани тамомияти арзии мамлакат, решакан намудани ҷинояткорқ ва хусусан ҷинояткории муташаккилона бештар фаъолият менамоянд.
Вазъияти шадиди Афғонистон, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин воқеаҳои дигари ногувори сарҳадҳо, аз ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ ба марзи Тоҷикистон водор карданд, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва такмил ёфта, дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдор намудани сохти давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор корҳои такмилу азнавсозӣ ан ҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣнақши назаррас гузоштанд.
Бо дарназардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли соли 2000-ум дар назди Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон Агентии назорати маводи нашъадор таъсис дода шуд.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфт, ки ҳамчун сохтори мукаммал дар асоси қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурорҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари қонуншиканиҳои соли 1992 фалач шуда буданд, тағйироти ҷиддӣ ба амал омад ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ вазифаи мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният хеле васеъ шуд.
Мақомоти Прокуратура дар оини давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Прокуратура аз рӯйи ваколатҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи махсус дорад. Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро маҳз ҳамин сохтор назорат мекунад. Ин мақомот новобаста аз вазъи душвор дар мустаҳкам намудани қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣва мӯътадил гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ саҳми муносиб мегузорад. Барои амалӣ гаштани фаъолияти қонунии мақомоти Прокуратура заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар системаи судии ҷумҳурӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конституционӣ таҳким бахшида шуд. Баҳри мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Азбаски дар баъзе ҳолатҳо мақомоти алоҳидаи ҳокимияти и ҷроия фаъолияти ҳамдигарро такрор мекарданд ва ин боиси номураттабии кори онҳо мешуд, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки як қатор вазорату идораҳои давлатӣ муттаҳид карда шаванд. Вазоратҳои саноат, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, энергетика, нақлиёт, Агентии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ маҳз барои амалӣ намудани ин мақсад таъсис дода шуданд.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдод ва ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Истиқлолият бунёд ниҳодани пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.
Бузургтарин дастоварди мо пас аз Иҷлосияи таърихӣ бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣдар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Дар мамлакат бунёдкорӣ низ оғоз шуд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, нақбҳои Истиқлол, Хатлон, Шар-Шар, роҳи автомобилии Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Чанок, роҳи автомобилии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон, роҳи автомобилии Айнӣ – Панҷакент, сохтмони ГЭС -ҳои Сангтӯда – 1 ва 2, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, роҳи оҳани Душанбе Ваҳдат – Евон, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу кӯпрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ танҳо тавассути амалӣ гаштани қарорҳои И ҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии То ҷикистон ба даст оварда шуд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.
То имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Аз ҷумла зиёда аз 100 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Ҷумҳурии То ҷикистон бо эътироф кардани ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва берунии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ муроот менамояд.
Баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣқадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конституционӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Пурзур шудани мақомоти сохтори ҳокимияти қонунӣ тавонист дар асоси татбиқи талаботи Конститутсия ва қонунҳои қабулгардида низоми комилро дар мамлакат таъмин намояд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.