Фарҳод Раҳимӣ: «Сохтан ва побарҷо кардани давлати миллӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи XVI то ба имрӯз анҷом медиҳад, барҳақ, мақоми шоистаи «лидери сиёсӣ»-ро ба ӯ ато фармудааст»

Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозингарони сиёсии минтақавӣ ва берунӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли пора гаштан ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Эмомалӣ Раҳмон тӯли раҳбарӣ — аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то ба имрӯз анҷом медиҳад, барҳақ, мақоми шоистаи «лидери сиёсӣ»-ро ба ӯ ато фармудааст.

Бояд зикр намуд, ки баъди суқути империяи қудратманди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии марказӣ, балки муҳити музофотӣ низ вазъи ҷиддии буҳрониро аз сар гузаронд ва оташи низоъҳову даргириҳо дар гӯшаву канори мамлакат тадриҷан боло гирифт. Иллати аслии зуҳуру ҳузури буҳронҳои сиёсӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар он замон метавон ба бетаҷрибагии сиёсии давлатмардони вақт, дур будан аз мактаби давлатсозии миллӣ, назари танги сиёсию идеологӣ ва фикрию фарҳангӣ доштани сиёсатмадорону роҳбарони вақт марбут донист. Маълум аст, ки дастгоҳи раҳбарии Шӯравӣ дар асоси идеологияи коммунистӣ ташаккул ёфта, унсурҳои миллиро дар қолаби сиёсати давлатӣ чандон қабул надошт. Ин буд, ки элитаи сиёсии замон асосан ба арзишҳои ғайримиллӣ ва синфӣ арҷ мегузошт ва воқеиятро дар баробари сиёсатҳои миллӣ сарфи назар мекард. Пас аз заволи давлати Шӯравӣ ақаллиятҳои этникӣ ва миллияту халқиятҳои алоҳида дар ҳоли парешонии мафкуравӣ ва сиёсӣ қарор гирифта, дарҳам-барҳамӣ мисли бемории сироятӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч баст ва бад-ин минвол вазъ дар фазои пасошӯравӣ куллан мураккаб ва печида гардид. Махсусан, кишварҳое, ки бар асари ноустувории сиёсати давлатӣ ва идораи нодурусти равандҳои динӣ дар онҳо қишри мазҳабӣ мавқеият пайдо карда буд, ба хатар мувоҷеҳ гардида, дар ин кишварҳо саранҷом ноамнию беназмӣ дар умури иҷтимоӣ ва давлатдорӣ ба вуҷуд омад.

Дар замоне, ки таҳти фишори бавоситаи доираҳои манфиатхоҳ ва афкори ғаразноки сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ (ибтидои солҳои навадуми асри бистум — замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои шадиди идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳон гардида буд, аксари намояндагони қишрҳои сиёсӣ, зиёӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикистонӣ бетарафӣ ва бетафовутиро дар робита бо вазъи мавҷуда ихтиёр карда, бархе дигар, аз беиттилоотию бехабарӣ аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташвишовар гардидани вазъи куллӣ дар минтақа гаштанд. Мардум, ки аз вазъи сиёсӣ ва бозиҳои пасипардагии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ комилан хабар надошт, ба таври сунъӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, муқобили якдигар қарор гирифт. Кишвар ба доми даргириҳо ва  ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азбаски элитаи сиёсии замон мустақилияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи зарурии идораи равандҳои сиёсиро надошт ва ҳамвора аз марказ дастуру фармон мегирифт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ бидуни дастури болоӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор буданд ва бо ҳар роҳу восита дар фазои ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки бо шикасти империя ҳолати карахтиро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва ҳарҷу марҷро дар шакли намоишномаи сиёсӣ коргардонӣ мекарданд, то низоми шӯравӣ куллан аз байн биравад. Дар пайи ин «тадбир», барномаи низоъ ва даргириҳои дохилӣ тарҳрезӣ шуда, нақшаи ба ҳам рехтани ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабиёну дунявиён тартиб дода шуд. Ба ин тарз, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа вазъ торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардум ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмрон гардид. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ побанди буҳронҳои амиқ гардида, оқибат тамоман фалаҷ шуд.

Дар он вазъияти ҳассос, қатъи назар аз он ки вусъат ва шиддати буҳронҳо пайи ҳам вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро дар ҷомеаи пасошӯравӣ заиф мекарданд, хушбахтона, сиёсатшиносону фарҳангиёни баномус ва сарафроз дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносибати муътадили иҷтимоӣ, ҳамбастагии миллӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардум саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоӣ вазъро дар манотиқи буҳронӣ тадриҷан муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, яқинан дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  метавон дид.

Зеро дар он замон ба вуҷуд овардани фазои амну субот ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ кори саҳлу осон набуд. Мушкили асосӣ сарҷамъ овардани вакилони мардумӣ аз гӯшаву канори мамлакат ва дар ин замина баррасӣ намудани масъалаҳои  сохтмони давлатдории навини миллӣ ва бо ин роҳ ҳал кардани мушкилоти мавҷуда — барқарории давлат, оромиши иҷтимоӣ, муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ, қатъ кардани муноқишаҳои дохилӣ миёни гурӯҳҳои даргир ва таъмини фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ буд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI 19 ноябри соли 2012 вазъи сиёсӣ ва лаҳзаҳои  ҳассоси он вақтро ба ёд оварда, таъкид карданд: «Ман дар ёд дорам, ки дар он рӯзҳои душвор, яъне рӯзҳое, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро касе эътироф намекард ва Президенти бо роҳи қонунӣ интихобшудаи кишварро дар фурудгоҳи пойтахт ба истеъфо маҷбур карданд, қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон наметавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори иҷлосия равшан изҳор намоянд. Бо вуҷуди ин, аксарияти вакилони мардумӣ ба иҷлосия ҳозир шуданд, зеро ҳама ба хубӣ дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима гузоштан ба бесарусомонӣ дар мамлакат баргузории иҷлосия мебошад. Ҳамин буд, ки дар иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар иштирок доштанд».

Дар он вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир ва мухолифон ба кори худ оғоз кард. Иҷлосия дар вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие баргузор мегардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошту шохаҳои асосии давлатдорӣ комилан фалаҷ гардида буданд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин таҳким бахшидани низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд. Бо ибтикори Раиси Шӯрои Олии интихобгардида Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ – «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шӯрои Олӣ» ба тасвиб расид, ки мазмуну муҳтавои онҳоро даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва созмонҳои сиёсӣ ба сулҳу салоҳ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҳамчунин бозгашти фирориёни иҷборӣ ба ватан ташкил медод.

Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷӯрию дарҳам-барҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти бисту панҷ сол  хобу хаёли мардуми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами руъёи мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар чунин вазъи фоҷеабор Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардид ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад: нобоварӣ аз ҳамдигар; тарсу ҳароси ҳамешагӣ; камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит; хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун; ноустувории муносиботи тарафҳо; афзоиши қатлу куштор дар манотиқи даргир; беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ; авҷи нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳаёти рӯзмарра; дахолати бевоситаи роҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти расмӣ-идорӣ ва давлатӣ; дуздии саросарии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ; ба сифр баробар шудани касри буҷети давлатӣ дар маҳалҳои даргир ва пойтахти кишвар; камбуди одитарин шароити корӣ; ривоҷи маҳалгаройиву кӯтоҳандешӣ дар фазои мамлакат; суст шудан ва ба ҳошия рафтани фаъолияти маданӣ-равшаннамоӣ; боло гирифтани яъсу ноумедӣ бар фазои сиёсӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо барин силсилаи нобасомониҳо як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври  таъҷилӣ сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоияти вежаро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз бо шӯру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пазируфта шуда, аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдону имони яқин фазои муносиби зист ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт. Илова ба сифатҳои волои шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он буд, имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ — сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумӣ дар минтақа фароҳам оварда шавад. Нақши Иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамойии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) ироа доштанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Саъю талошҳои фаровони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун феномени Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар он замони ҳассос натиҷаи хуб доданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расид. Марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи ватанӣ ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат беназир аст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Эмомалӣ Раҳмон намебуданд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли Афғонистон майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мешуд. Ба ин масъала сарсарӣ ва сатҳӣ набояд нигарист. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон наздик ба 200 соли охир дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯзад ва ба ҷойи хомӯш шудан низоъҳо аз нав шӯълавар мешаванд ва мардуми минтақаро дар мусибату фоҷеа нигаҳ медоранд. Саъю талошҳои ҷомеаи мадании Афғонистон самар намедиҳанд, рӯз ба рӯз оташи ҷангу хунрезӣ ва даҳшату ваҳшат густурда мешавад. Мардумони Афғонистон дар орзуи сулҳу ваҳдат ба сар мебаранд ва ҳарчанд, ки Ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис ёфтааст, вале ноҳамгунию ноҷӯриҳои зиёде ин ҳукуматро ҳамсафарӣ мекунанд. Ҳамин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта расидагӣ намудан ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистонро ба мақомоти баланди сиёсии ҷаҳонӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонанд. Ин маънии онро дорад, ки Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша бар пояи гуманизм ва эҳтироми мардумӣ андеша ронда, мушкилоти Афғонистонро мушкили минтақавӣ ва глобалӣ дониста, мунсифона расидагӣ нашудани онро оянда барои ҷомеаи  ҷаҳонӣ хатарнок мешуморанд ва тадриҷан тавсеа ва вусъат ёфтани зуҳуроти манфури терроризм, экстремизм, радикализм ва фундаментализми динию мазҳабиро дар миқёси байналмилалӣ ба нодида гирифтани масоили вобаста ба ин кишвар марбут медонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Эмомалӣ Раҳмон барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли муноқишаҳои  миллию мардумӣ ва динию сиёсӣ дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи Сарвари давлат, ки тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуд, басанда аст, то номаш дар таърихи ватанӣ ва ҷаҳонӣ абадан сабт гардад. Ба ин масъала ояндагон низ баҳои воқеӣ хоҳанд дод.

Дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд.

Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ, ки арзиши олии инсонӣ маҳсуб ёфта, тайи бисту шаш сол аст мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳамсафарӣ мекунад, дар натиҷаи амалӣ гардидани барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихӣ побарҷо мондааст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ, ки натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ таъйин кардааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад.

Албатта, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори ҳар кас нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва ниҳоят ба лидери миллӣ расидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Фарҳод РАҲИМӢ,

 президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик

Манбаъ: АМИТ "Ховар"