Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Опубликовано пн, 14/10/2024 - 17:49 пользователем tvtДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод.

