Португалия аввалин бор чемпиони Аврупо шуд

Дастаи мунтахаби футболи Португалия, ки дар бозии финалӣ бар тими миллии Фаронса дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, бори аввал дар таърих ба унвони чемпиони Аврупо даст ёфт.
Вохӯрии финалии Чемпионати Аврупо-2016 шаби 10-ум ба 11-уми  июл дар варзишгоҳи «Стад де Франс», дар шаҳри Сен-Дении наздикии Париж, миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия бо ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Доварони ин бозӣ бо раҳбарии Марк Клаттенбург аз Англия буданд.
Бояд гуфт, ки капитани дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки зонуяш сахт лат хӯрда буд, натавонист бозиро идома бидиҳад ва дар дақиқаи 24-ум ноилоҷ майдонро тарк кард.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бар асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофӣ (ду бахши 15-дақиқаӣ) таъин шуд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Эдер дар дақиқаи 109-ум бо зарбаи сахту олиҷаноб аз масофаи дур зад.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Португалия (сармураббии даста Фернанду Сантуш) бори аввал бо Ҷоми қаҳрамони Аврупо ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Аз ин пеш португалиҳо соли 2004 дар бозии финалӣ дар майдони худ аз тими миллии Юнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.
Ба дастаи мунтахаби Фаронса (сармураббии даста Диде Дешам) медалҳои нуқра супурда шуд. Фаронсавиҳо ду бор — солҳои 1984 ва 2000-ум — ба унвони чемпиони Аврупо мушарраф шуда буданд.
Дар Чемпионати Аврупо, ки аз соли 1960 доир мешавад, аз ҳама бештар ду дастаи мунтахаб – Олмон ва Испания – се маротибагӣ ғолиб шудаанд. Испания ягона дастаест, ки ду бор паиҳам чемпиони Аврупо гаштааст.

Tags: