Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи роҳҳои самарабахш кардани фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми мамлакат иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба фаъолияти самарабахши маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» иброз дошт, ки он соли 2014 бо дастгирии Пешвои миллат дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуд.
Имрӯз намояндагиҳои маҳфил дар 17 кишвари дунё фаъолият дошта, бо дастгирии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат пайваста барномаҳои гуногун доир мекунанд. Зимни он ҷавононро ба илму донишандӯзӣ, дӯст доштани Ватан, Модар ва пос доштани оину анъанаҳои миллӣ даъват менамоянд.
АМИТ «Ховар»