Дар Душанбе «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» баррасӣ гардид

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба  иҷрои «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» баррасӣ гардид. Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд.

Дар  ҷаласа муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулғафор Раҳмонзода зикр намуд, ки татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», яке аз ҳуҷҷатҳои асосии стратегии давлатии мамлакат  маҳсуб шуда,   дар арафаи анҷомёбист.

Мақсади асосии Стратегия мусоидат ба афзоиши шуғл тавассути фаъолгардонии аҳолии синну соли қобили меҳнат, беҳтар кардани муҳити корӣ ва эҷоди бозори қобили тағйир, бехатар ва дастрас мебошад.

Ҳамчунин  зикр гардид, ки дар оғози соли равон вазорат ба анҷом расидани муҳлати татбиқи Стратегияро ба инобат гирифта, дар ду самт: гузаронидани арзёбӣ ва мониторинг ва дар ин асос таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалиро ба нақша гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли ҷорӣ оид ба таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати консептуалӣ – стратегии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни  соли равон «Дар бораи Гурӯҳи кории байниидоравӣ» дар ду зина ба тасвиб расид.

Дар ҷамъбаст Абдулғафор Раҳмонзода  ба аъзои гурӯҳҳои корӣ барои сари вақт таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: