Маросими истиқбол аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Сокинони шахри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.
Нахуст меҳмони олимақом, Президенти мамлакат, Пешвои Миллат Эмомали Рахмонро аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат бо шукргузории бепоён аз сиёсати бунёдкоронаю созанда ва ободии пай дар пайи ин гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно бо садои доирабазми суннатии мардуми кӯҳистон ва гулу гулдаста ба пешвози Пешвои миллат омаданд. Ҳар як сухани ин мардум аз ваҳдат буд ва якдиливу якмаромиро месуруд.
Ҳар як қадами мубораки Эмомалӣ Рахмон, ки Пешвои ин асру ин замон аст, дар ободиву шукуфоии Хоруғи зебо имконияти нави рушду нумуъро фароҳам оварда, бо ҳидоятҳои ин фарзанди огоҳдил Хоруғ ба «Нигини Бадахшон» табдил ёфта, «Асри 21 асри Бадахшон» ном гирифтааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои Миллат, ки худ ифодаи иродаи ин мардуми кӯҳистон буд, бори нахуст ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қадам ранҷа менамояд ва хоруғиён хуб дарк менамоянд, ки аз сафари нахустини Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ то сафари нахустини ӯ ҳамчун Пешвои миллат ба ин шаҳр, даҳҳо маротиба сатҳи зиндагии мардум боло рафта, Бадахшон ба «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.
Дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз даҳҳо шоҳкориҳо - санги асос гузоштан ба иншооти муҳим, шиносоӣ пайдо намудан бо пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон мулоқот бо мардуми ин минтақа дар назар дошта шудааст.

Tags: