ҚУДРАТ АФАРДӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Зуҳри имрӯз,  17 августи соли 2018 директори шуъбаи миллии Ширкати байналмилалии телевизион ва радиои «Мир» Қудрат Афардӣ дар синни 44-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора наздикони Қудрат Афардӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ногаҳонӣ аз бемории сактаи дил вафот кардааст.

Қудрат Афардӣ соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори шуъбаи миллии Ширкати байналмилалии телевизион ва радиои «Мир» таъйин шуда, то лаҳзаҳои охири ҳаёт фаъолият намуд.

Номбурда хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буда, дар солҳои 2005-2008 роҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино»-ро бар дӯш дошт.

Қудрат Афардӣ дар давоми 10 соли фаъолият бо чандин ордену ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, ӯ соли 2012 аз ҷониби Президенти Федератсия Россия Владимир Путин бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Қудрат Афардӣ писари калонии адиби маъруфи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ мебошад.

Кормандони АМИТ «Ховар» аз фавти бармаҳали ҳамкасби худ- Қудрат Афардӣ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: