Дар Тоҷикобод озмуни «Поянда бод Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад

Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаю бахшҳои дахлдор дар байни занону духтарони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вобаста ба таҷлили  рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.
Инчунин бахшида ба 19 -умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бахши мазкур барои бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, доштани ифтихори миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ озмуни «Поянда бод Ваҳдати миллӣ» -ро баргузор менамояд.

Tags: