Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки санади мазкур вобаста ба буҳрони иқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи молиявии мамлакат, инчунин зарурати дарёфт намудани манбаъҳои иловагии даромад, маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва шиддатнок ташаккул додани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 таҳия карда шудааст.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешавад.

Бинобар ин зарурат пеш омадааст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, амали муқаррароти сархати сеюми моддаи 252 вобаста ба амали меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  то 31 декабри соли 2020 тамдид карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ намуда, аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки он қабул карда шуд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин  роҷеъ ба тасдиқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, тасдиқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қарори дахлдор қабул намуданд.

АМИТ "Ховар"