Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки 27 давлати дунё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз   мегардад. 

Дар ҳошияи кори ҳамоиш мулоқотҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар назар аст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Саммит иттилоъ медиҳад, субҳи имрӯз дар макони  асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО, ки дар  «Кохи Наврӯз» баргузор мегардад, барои инъикос аз рафти ин чорабинӣ 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ чамъ омадаанд.

Бояд гуфт,  ки  дар ошёнаҳои якум ва дуюми қисми чапи «Кохи Наврӯз» Маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст. Дар маркази мазкур  барои 450 нафар ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳамзамон  бо   350  компютер   ва  бо тамоми   таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Станислав Баграмов шореҳи сиёсии телевизиони «Ӯзбекистон -24»,  зимни суҳбат зикр намуд, ки ӯ  бори аввал нест, ки  ба Тоҷикистон, шаҳри Душанбе меояд.

«Мо ба шаҳри Душанбе як сол пеш бо сафари корӣ ташриф оварда будем. Дар давоми як сол дар Душанбе тағйироти  зиёд ба чашм мерасанд. Дар шаҳр  бунёдкориҳои зиёд, аз ҷумла қомат афрохтани биноҳои навро бо тарҳи ҷолиб мебинем. Хусусан, имрӯз тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо гулдаставу гулсабадҳо   оро дода шудаанд, ки ба ман хело писанд омад. Чунин муҳит барои рушди муколама, ки имрӯз баргузор мегардад, хеле муҳим мебошад.  Ҷамъомади имрӯза    дар ҳақиқат барои ҳалли мушкилоти зиёд дар минтақа, барои муколамаи созанда миёни роҳбарон равона шудааст ва мо имрӯз намояндагони ВАО кӯшиш мекунем, ки ҳама иттилоотро сари вақт ба шунавандаву бинандаи худ расонем»,- зикр намуд С.Баграмов.

 Инчунин намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Баҳрайн ва ҳамзамон, корманди бахши матбуотии ин кишвар Мухамад Алӣ зимни суҳбат иброз намуд, ки   ин сафари нахустини ӯ ба Тоҷикистон,  шаҳри Душанбе мебошад.

« Ба андешаи ман дар Осиёи Марказӣ  Душанбе бо табиати нотакрораш зеботарин шаҳр аст»,- зикр  намуд ӯ.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки  дар Баҳрайн Тоҷикистонро  ҳамчун давлати  соҳибистиқлол мешиносанд ва баргузор намудани чунин як чорабиниро дастовард барои  ин мамлакат  меҳисобад. Баргузории ин Саммитро оғози муносибат  ва рушди  ҳамкорӣ байни Баҳрайну  Тоҷикистон арзёбӣ менамоям. Бояд зикр  намоям, ки давлати мо  барои ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба  бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода  мебошад.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

Tags: