Муроҷиатномаи Шӯрои уламо вобаста ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.

Дар робита ба ин Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат муроҷиатнома баён доштааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

— Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с)

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин моҳи муборак барои ҳамаи шумо тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза таманно намуда, аз Худованди мутаъол масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳаш қабул фармояд. Ин моҳи шариф аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фаро расидани ин моҳи муборак дарҳои дӯзахро баставу дарҳои биҳиштро боз хоҳад кард.

Рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки сабру таҳаммул мехоҳад, аз ин рӯ, баъзеҳо талаботи онро иҷро карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи мушкилот барои ин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Узрҳое, ки ба сабаби онҳо хӯрдани рӯза иҷозат аст, аз 8 ҳолату вазъият иборатанд, ки дар зер баён мегарданд.

Аввал, беморӣ. Беморие, ки бо рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав эҳё мешавад. Шариати ислом тавсияи табибони ҳозиқро дар ин маврид муътабар мешуморад, агар мутахассисони соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор собит кунанд, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз мегардад.

Дуюм, мусофират, яъне дар сафар будан. Тибқи қарори Шӯрои уламо масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳалаи он ба 40 км  баробар мебошад.

Сеюм, икроҳ, яъне маҷбур кардани рӯзадор ба хӯрдани рӯза аз роҳи  зӯроварӣ. Дар ин ҳолат рӯзадор набояд ба ҷони хештан ҷабрро раво бинад.

Чаҳорум, ҳомиладорӣ. Агар рӯза доштан ба тансиҳатии модар ва тифлаш зиён расонад.

Панҷум, модари ширдеҳ, ки ғизои кӯдакаш танҳо шири модар мебошад.

Шашум, гуруснагие, ки сабаби ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадор мегардад.

Ҳафтум, ташнагие, ки ба фавт ё вазнин шудани вазъи саломатии рӯзадор оварда мерасонад.

Ҳаштум, пиронсолагӣ, яъне рӯза доштани пирамардон ва пиразаноне, ки  бо сабаби рӯза машаққат мекашанд ва бемадориашон меафзояд. Фидя фақат дар ҳамин ҳолат аст ва ба андозаи садақаи фитр мебошад. Дар ҳолатҳои фавқуззикр, вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.

Далелҳое, ки дар боло зикрашон рафт ва ба хӯрдани рӯза сабаб мегарданд, дар «Мухтасар-ул-виқоя» ва шарҳҳои он, «ҳидоя» ва шарҳҳои он ва дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд.

Аксари фақеҳони аҳли суннат  ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки ба соҳибони амали пурмашаққат, аз ҷумла даравгарону нонпазҳо, оҳангарон ва коргарони маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки дар гармиҳои тобистон хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос мекунанд, хӯрдани рӯза иҷозат аст.

Ин далел дар «Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу» (Бейрут, ҷ.3, с.1701-1702,  муаллифаш Ваҳба Зуҳайлӣ) таъкид шудааст.

Тибқи фатвои китоби «Фатовои Оламгирӣ» (ҷ.1, с.227, боби 5, китоби рӯза), шахси рӯзадоре, ки вакили султон ӯро дар айёми гармо барои сохтмони иморати пураҳамият сафарбар мекунад, дар ҳолати эҳсос намудани зарар ба саломатиаш метавонад рӯзаро сарфи назар кунад. Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ӯ рӯзаро дар вақти муносиб қазо медорад.

Вобаста ба вазъи кунунӣ ба шаҳрвандоне, ки дар давлатҳои хориҷ аз мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд ва ё ин ки сукунати доимӣ доранд, тавсия дода мешавад, ки низом (тавсияҳо)-и муайяннамудаи давлати будубошро вобаста ба пешгирии бемории сироятии «COVID-19» қатъиян риоя намуда, дар ҳолати ҳис намудани нишонаҳои беморӣ дар худ таъҷилан ба табибон муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон аз соҳибкорони ҳамватани бурунмарзӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон хоҳиш карда мешавад, ки ба муҳоҷирони меҳнатие, ки айни ҳол дар ҳолати карантин қарор доранд ва ё бекор буда, ниёз ба кумакҳои иҷтимоӣ доранд, ёрии беғаразонаи худро дареғ надоранд. Дар ин замина, мавриди тазаккур аст, ки дастгирии табақаи ниёзманд дар моҳи шарифи Рамазон аҷру подоши зиёде дошта, сабаби хушнудии Худованд мегардад.

Ходимони динии мамлакатро зарур аст, ки ҳолати санитарӣ ва покиза нигоҳ доштани биноҳои иттиҳодияҳои диниро пайваста зери назорати хеш қарор диҳанд.

Инчунин таъкид бояд кард, ки дини мубини Ислом ҳифзи саломатӣ ва эҳтиёт намудани ҳаётро фаризаи муҳим меҳисобад. Дар шароити кунунӣ гурӯҳи шахсоне ҳастанд, ки бо фаъолияташон назму низоми ҷомеаро муътадил нигоҳ медоранд. Ин қабил кормандон дар кори саҳро ва омода намудани маҳсулоти ғизоӣ шуғл доранд ва таъмини бозори истеъмолии ҷомеа ва ризқу рӯзии оилаҳои худашон низ аз натиҷаи корашон вобаста мебошад. Дар сурати аз фаъолият мондани ин гурӯҳ одамон шароити зиндагии мардум дар тирамоҳу зимистон вобаста ба таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ вазнин хоҳад шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз вазъи ҷаҳони муосир дар робита ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус хуб огоҳанд. Ҳоло ояндаро пешгӯӣ кардан имкон надорад, аксарияти давлатҳо марзҳояшонро баста, муомилоти иқтисодӣ, аз ҷумла доду гирифти молу маҳсулот миёни кишварҳои гуногун душвор шудааст. Табиист, ки бо идома ёфтани чунин вазъият таъмини ғизои мардум дар тирамоҳу зимистон мушкил хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, бо назардошти вазъи ҳозираи ҷумҳурӣ ва низоми мушкили муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини мардум бо маҳсулоти худӣ тавсия медиҳем, ки кормандони соҳаи кишварзӣ, онҳое, ки ба кишту кори зироат ва маҳсулоти ғизоӣ машғуланд, дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо рӯзаро дар вақти муносиб қазо доранд.

Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба зиндагии моддиву маънавии инсон созгор буда, дар анҷом додани ибодот барои ӯ осонгириҳо фароҳам овардааст, аз ин рӯ, мусулмони маъзур набояд ба ҷони худ ҷабр кунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: