Дар 8 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи кирмакхобонӣ оғоз гардид

Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи тақсимоти қуттии кирмак идома дорад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак нақшаро сари вақт иҷро намоянд.
Кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 13 ҳазору 160 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.
Дар вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз 5 то 15 апрел ҷараён гирифт ва ҳоло дар 8 ноҳияи вилоят парвариши кирмак оғоз гардидааст. Дар чор ноҳияи иқлимашон каме хунуктар, чун Айнӣ, Панҷакент, Деваштич ва Истаравшан ин маърака аз 22 апрел оғоз меёбад. Қабули аввалин ҳосили пилла аз миёнаҳои моҳи май дар назар аст.
Ҳамчунин соли равон сарпарастии кирмакпарварони вилоятро ширкати ҶДММ «Ганҷ» ба зимма гирифта, чун пешпардохт ба ҳар як кирмакчӣ ба маблағи 50 сомонӣ кумакпулӣ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакҳо дар ноҳияҳои тақсимшуда дар сатҳи хуб қарор дошта, бояд аз ҳар як қуттӣ 50 кг ҳосил гирифта шавад.
Соли равон барои кирмакпарварӣ дар ноҳияҳои вилоят наздик ба панҷ ҳазор сокинон ҷалб гардида, ҳамчунин баҳри назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо аз ҷониби мутахассисони маҳаллии соҳаи кирмакпарварӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд.

АМИТ "Ховар"