Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусайн Паноҳии Озар 22 декабр дар Теҳрон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум доир ба танзими моликияти  ғайриманқули дипломатӣ миёни ду кишвар, ки соли 2013 ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.  Ҷонибҳо тасмими худро барои татбиқи комили бандҳои санади мазкур таъйид карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: