Дар Женева Конфронси байналмилалӣ оид ба коронавирус оғоз гардид

Беш аз ҳазор нафар аз сирояти  коронавируси нав, ки имрӯз расман номи Covid-19-ро гирифт, вафот карданд. Дар ҳамин ҳол, садҳо мутахассисон ва намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид  ба коронавирус, ки дирӯз, 11 феврал дар Женева оғоз гардид, ҷамъ омаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти субҳи рӯзи сешанбе, дар Чин ҳамагӣ 42 ҳазору 798 нафар сироят ёфта, аз онҳо 1 ҳазору 17 нафар бар асари ин беморӣ вафот кардаанд. Дар 24 кишвари дигар 393 ҳолати сироятёбӣ ва як фавт дар Филиппин ба қайд гирифта шудаанд.

«Мо то ҳол дар бораи коронавирус маълумоти зиёд надорем… Мо мехоҳем аз дониш ва таҷрибаи шумо барои пайдо намудани посух ба саволҳоямон истифода карда, мушкилотеро, ки эқтимол то ҳол вуҷуд доштанашонро намедонем, муайян намоем», — гуфт Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс зимни ифтитоҳи конфронс дар Женева.

Ба таъкиди Директори генералии СУТ, яке аз вазифаҳои иштирокдорони форум таҳияи «харитаи роҳ» барои тадқиқоти минбаъда мебошад, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи олимон ва донорҳо нигаронида шуда бошад.

«Пеш аз ҳама, бояд табодули маводи лабораторӣ ба роҳ монда шавад. Таҳияи ваксина метавонад 18 моҳро дар бар гирад, аз ин рӯ ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро мебояд воситаҳои мавҷударо барои ҳифзи аҳолӣ аз таҳдид истифода барад», — гуфт Тедрос Адханом Гебрейюс.

Имрӯз маълум гардид, ки СУТ ба короновируси нав номи расмӣ гузошт. Он Covid-19 номгузорӣ шуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе директории генералии ин созмон зимни суханрониаш дар Женева хабар дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: