Мусобиқаи гӯштингирӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 4- 5 март дар Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор карда мешавад.

Дар чемпионати мазкур варзишгарон аз ҳама минтақаҳои кишвар иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки чемпионат дар доираи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Tags: