Меҳргон фаро расид. Дар гузашта ва ҳоло ҳам ибтидои онро замони баробар шудани рӯзу шаби тирамоҳӣ донистаанд

Мутобиқи солшумории яздигурдӣки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ будмоҳи панҷуми сол Меҳр ном доштИн моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул будадавомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад. Онро  Иди Меҳргон меноманд.

Вобаста ба таърихи ҷашни Меҳргон дар зер нигориши олимони  Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури хонандагон мегардонем:

Ба бурҷи мизон даромадан ва то аз он баромадани офтоб 1 моҳ- аз 23 сентябр то 22 октябрро ташкил медиҳад. Дар гузашта ва ҳоло ҳам ибтидои иди Меҳргонро замони баробар шудани рӯзу шаби тирамоҳӣ донистаанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад.

Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ–Ҳурмуз дар ин кор қадамҳои аввалин гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо намуда, дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.

Агар иди Наврӯз дар рӯзи аввали ба бурҷи ҳамал даромадани Офтоб, оғози фарвардини моҳ, ибтидои баҳор, ҳангоми баробар шудани шабу рӯзи баҳорӣ ҷашн гирифта шавад, Меҳргон ҳангоми дар бурҷи мизон қарор доштани офтоб таҷлил карда мешавад.

Гузаштагони бофарҳанги мо 15-и Меҳрмоҳро Рӯзи Меҳр меномиданд ва одатан ҷашни Меҳргон дар ҳамин рўз таҷлил мешуд. Онҳо ин идро тайи якчанд рўз ба таври  пуршукӯҳ таҷлил менамудаанд. Рӯзи аввали ид “Меҳргони омма” номгузорӣ мешуд ва мардум дар ин рӯз ба сайр мебаромад. Одамон либоси хоссаи сурхи арғувонӣ мепӯшиданд ва ба шодбошии ҳамдигар сурудхонон меомаданд.

Дар бораи анъанаҳои неки ин ҷашн дар осори дигар адибону муаррихон маълумоти фаровон оварда шудааст. Анъанаҳои неки кишоварзон, оростонаи дастархон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ маҳз хоси рӯзҳои Меҳргон будааст.

Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) густурда, онро бо нону мевагиҳои сол оро медодаанд. Ҳунармандон аз ҳафт навъи зироат-гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепухтанд. Рамзи дастархон ва ороиши онро бобои деҳқон фоли нек медонист ва омадани соли навро бахосият мегуфтанд. Агар дар дастархони идонаи Наврӯз чизи аз ҳама асосӣ “ҳафтсин ва ҳафтшин” бошад, дар дастархони идонаи Меҳргон чизи аз ҳама ҷолиби таваҷҷуҳ- ин мурғи Меҳргон буд. Онҳо ба даруни мурғи пухташуда меваҳои хушк: анҷир, тут, хурмо, чормағз, бодом, кишмиш ва ғайра пур мекарданд.

Дар ривоятҳои мардумӣ перомуни Меҳргон чун иди муқаддас нақлҳои зиёде ҷой доранд. Ривояте ҳаст, ки гӯё дар Меҳргон замини пок тамоми мавҷудот, наботот ва маҳсулоти худро дар ин айём ба одамон пешкаш мекунад.

Тавре Манучеҳри Домғонӣ гуфтааст:

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони шумо аз нуру нору арғавон…

Солиёни зиёде миёни мардуми мо дар минтақаҳои гуногун Меҳргон бо номи Иди ҳосил ҷашн гирифта мешуд. Мардум ҳар тирамоҳ бо нишонаи шукргузорӣ аз ҳосилғундорӣ ва фаровонии зироату меваҷот маъракаи пуршукӯҳи идона барпо мекард. Ҳамчунин дар ин давра кишоварзону деҳқонон бо омадани Меҳргон ҳашару идҳои оммавӣ, мисли сайру гашт ва идҳои харбузаву тарбуз, себ ё ягон маросими хурсандӣ доир менамуданд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашни мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Ин идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардиданд. Ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург- ҷашни Меҳргон  бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад.

Меҳргон дар радифи ҷашни Наврӯз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон буда, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили боарақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд, «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Ба ҷашни Меҳргон истиқлолияти ҷумҳурӣ умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бошукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст.

Бинобар ин, амалӣ гардонидани ин гуна ҷашнҳо барои беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст.

Аз ин лиҳоз, ба истиқболи ҷашни Меҳргон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат зиёд мешавад.

Аз номи Раёсат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан кормандони комплекси агросаноатии ҷумҳуриро бо фарорасии ҷашни бошукӯҳи Меҳргон табрик намуда, барояшон тани сиҳату хонаободӣ, дастархони пурфайз  ва дар фаъолияташон муваффақият орзумандем.

Нуралӣ АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ

Давлатҷон КОМИЛЗОДА,
мушовири АИ КТ, академик

Tags: