Оғози ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аввалин шуда, аъзои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд.
Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев соли равон дар масоҳати 1041 гектар пахта кишт шудааст. Ба бригадаи иҷоравии рақами 38-и ҷамъият 60 нафар чинакчиён ҷалб гардида, ҳосилнокӣ мувофиқи пешбинӣ аз як гектар аз 30 то 40 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон аз ҳисоби зиёд кардани масоҳати кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли пахта мутобиқ ба пешбинӣ нисбат ба соли қаблӣ 3 ҳазор тонна зиёд хоҳад буд. Майдони умумии кишти имсолаи пахта дар ноҳия 5720 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли 2015 10 ҳазору 150 тонна пахта истеҳсол намуданд.
Мувофиқи пешбинӣ аз ҳисоби зиёд будани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, имсол ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 13 ҳазор тонна расонида мешавад.

АМИТ «Ховар

Tags: