Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд

Номзад ба мансаби президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар интихобот ғолибият ба даст овард. Дар ин бора агентии «Ассошиэйтед Пресс» хабар медиҳад.

«Доналд Трамп президенти ИМА интихоб шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар навбати худ нашрияи «Politico» иттилоъ медиҳад, ки Трампро 276 ва Ҳиллари Клинтонро 218 интихобкунанда ҷонибдорӣ намуданд. Ба номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон наздики 56,9 миллион нафар ва ба ҳарифи ӯ аз Ҳизби демократҳо 55,8 миллион нафар овоз додаанд.

Маълумоти охир дар бораи пирӯзии Трамп аз иёлоти Висконсин ва Мичиган омада расиданд. Ҳанӯз дар бархе аз иёлот ҳисоби раъйҳо идома дорад, вале онҳо ба натиҷаи интихобот таъсир намерасонанд. Барои пирӯз гардидани номзад дар интихоботи президентӣ ӯро бояд 270 интихобкунанда ҷонибдорӣ намоянд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизиони «CNN», дар ояндаи наздик номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар ҳузури ҷонибдоронаш дар ситоди худ дар иёлати Ню-Йорк сухан мегӯяд.

 

Tags: