Машваратҳои Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм

Дар шаҳри Москва 13 апрел даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат гузаронида мешаванд, доир  гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин  Зоҳидӣ ва ҷониби Россияро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег  Сирамолотов роҳбарӣ карданд.
Дар ҷараёни машваратҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, падидаи террористон-ҷангиёни хориҷӣ, дастгирии молиявӣ-иқтисодии террористон ва паҳн кардани идеологияи террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҳамкории ду давлат дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра мубодилаи назар сурат гирифт.
Ба масъалаҳои ҳамкории ду давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таҳдидҳои террористӣ ва дигар чолишҳо, ки аз қаламрави Афғонистон бар меоянд, аҳамияти махсус дода шуд.
Ҷонибҳо бори дигар муҳим будани ташкили ҳамкории босамари сохторҳои марбутаи ду кишварро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ таъкид намуданд.

АМИТ "Ховар"