МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба базмҳои наврӯзӣ даъват менамояд

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе  17 март бо баргузории   Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардид.

Алҳол дар пойтахт  корҳои омодагӣ ҷиҳати ба таври идона ороиш додани  макони баргузории базмҳои  наврӯзӣ ба анҷом расида,  баҳри  сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт базмгоҳҳо пурра омода гардидаанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, 21 март  бахшида ба Иди Наврӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ дар назар дошта шудааст. Ин базмҳои идона  дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, Боғи ба номи  Мироненкои ноҳияи Сино ва Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и   ноҳияи Фирдавсӣ    доир мегарданд.

25 март  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе барномаи театрӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки  аз 21 то 25 март  дар  ҳамаи ҷашнгоҳҳои пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар «Наврӯзгоҳ» 26 март мусобиқаи гӯштини миллӣ   ва   31 март   пойгаи аспдавонӣ  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

АМИТ "Ховар"