баҳор

Наврӯз муборак!

Ҳамватанони азиз, Шуморо бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор хоҳонем. Орзуи онро дорем, ки хонадони ҳар як тоҷик аз офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошад.

Наврӯзатон муборак!

МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба базмҳои наврӯзӣ даъват менамояд

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе  17 март бо баргузории   Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардид.

Алҳол дар пойтахт  корҳои омодагӣ ҷиҳати ба таври идона ороиш додани  макони баргузории базмҳои  наврӯзӣ ба анҷом расида,  баҳри  сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт базмгоҳҳо пурра омода гардидаанд.

Страницы