Эмомалӣ Раҳмон: «Зиёиён ва олимони кишвар дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми «забони тоҷикӣ» бетараф набошед»

Имрӯз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкори мамлакат баргузор гардид.

Зимни суҳбати самимиву хотирмон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати бузурги тоҷик ёдовар шуда, аз зиёиён даъват намуданд, ки дар пойдорӣ ва ҳифзи ин арзишҳои милливу умумибашарӣ саҳмгузор бошанд.

Аз он ҷумла, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:  «Дар замоне, ки мо ба сӯи Истиқлолияти миллӣ ва фарҳангӣ роҳ кушодаем, лозим аст, ки забони худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем, то ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафарӣ карда тавонем.

Дар робита ба ин масъала, бори дигар шумо — зиёиён ва олимони кишварро даъват мекунам, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми «забони тоҷикӣ» бетараф набошед ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоед.

Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеона маҳкум кунед.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки зиёиён, аз ҷумла аҳли қалам дар назди забон, адабиёт ва завқи мардум масъулияти зиёд доранд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идоми ин суханон таъкид намуданд, ки «Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, забони давлатиамонро – «забони тоҷикӣ» ва номи давлатамонро «Тоҷикистон» эълон намудем.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад.

Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷик»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем.

Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони меъёрии тоҷикӣ пайваста саъю кӯшиш кунем ва барои тозагии баён, ифодаи соддаву равон ва саҳеҳии фикру андеша талош намоем.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки назорати қатъии риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла забони китобҳои илмиву таълимӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин намоянд.

Иҷрои талаботи қонуни зикршуда, дар навбати аввал, вазифаи зиёиён мебошад».

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда ба ҳисоб меравад.

АМИТ "Ховар"