Маркази исломшиносӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмиро барои панҷ соли минбаъда тамдид намуд

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмии худро барои панҷ соли минбаъда тамдид намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зикр шуд, ки аккредитатсияи мазкур аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

«Барои тақвият бахшидани кор ва фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳлилии Марказ, инчунин ҷиҳати тамдид намудани шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод карда шуда, тасдиқи худро ёфтанд»,-афзуд директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода.

Ба гуфтаи мавсуф, ин имконият медиҳад, ки кормандони ин ниҳод тӯли панҷ соли минбаъда дар самти таъмини асосҳои илмии сёсати давлатии муносибат ба дин ва озодиҳои виҷдон, таҳияи консепсияву барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, таъйин кардани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба исломшиносиву диншиносӣ корҳои илмӣ- тадқиқотӣ анҷом диҳанд.

  АМИТ «Ховар»

Tags: