Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад

19 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, оид ба роҳандозии ислоҳоти фарогири Созмони Милали Муттаҳид, намояндагии одилона хосатан аз ҳисоби кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Шӯрои амният, иқдомҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор, татбиқи марҳалаи дуюми Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои давраи то соли 2020, вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистон ва нигаронии ҷиддии Тоҷикистон аз вазъи ин кишвари ҳамҷавор ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мулоҳизаҳои қобили таваҷҷуҳ изҳор карданд.

Сарвари давлат ҳамчунин пешниҳод карданд, ки ҷиҳати дастгирии кишварҳои осебдида  бунёдҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсис дода шаванд: «Расо ду сол пеш мо  Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад. Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд тадбирҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд. Зимнан пешниҳод менамоем, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, бо ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд».

Дар идомаи мавзӯъ Пешвои миллат хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистонро зикр карда аз нобуд шудани ҳазорон пиряхҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба иштирокдорони Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ иттилоъ доданд: «Тоҷикистон низ, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, бино бар хусусиятҳои ҷуғрофии худ дар рӯ ба рӯйи пайомадҳои харобиовари   офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла вобаста ба об, рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, сабабгори талафоти ҷонӣ   мегарданд. Раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва, ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво — чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ –  манбаи  аз лиҳози экологӣ тоза — истеҳсол мешавад».

Дар ҳамин маврид мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба иштирокдорони Иҷлосияи навбатии СММ бори дигар нишон дода шуда, таъкид гардид, ки захираҳои обии Осиёи Марказӣ маҳз аз пиряхҳои кӯҳсори Тоҷикистон сарчашма мегиранд: «Айни замон 60 дарсади захираҳои оби  Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.

Айни ҳол Тоҷикистон  бар пояи муқаррароти санади мазкур Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намуда истодааст.

Ба андешаи мо, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ин тавсеаи иқтисоди “сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф мо ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои давраи то соли 2024» таъкид менамоем».

Тавре иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд.