Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои муайян гузоред, то барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод накунанд!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо назардошти боридани  барф аз ҳамаи  сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар ҷойҳои номуайян, бахусус истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нагузоранд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  воситаҳои нақлиётие, ки дар ҷойҳои номуайян гузошта мешаванд, барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод мекунанд.

АМИТ "Ховар"