Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, ин иқдом бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мешавад.

АМИТ "Ховар"