Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Украина Василий Серватюк мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк  бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо Сафири  Украина роҷеъ ба фаъолияти Парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, муносибатҳои байнипарлумонии  Тоҷикистон ва Украина баррасӣ шуд.

Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ  карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Украина ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро санадҳои зиёде  ташкил медиҳанд, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду давлатро фаро мегиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: