Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуд

Бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 9 октябри соли 2017  «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»  ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  дар асоси қарори мазкур   Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда,  тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади бо ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: