Кумитаи забон маводҳои аудиовизуалиро аз санҷиш мегузаронад

Аз 13-уми феврал  то якуми марти соли ҷорӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як қатор корхонаву муассисаҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд, санҷиш мегузаронад.
Тавре Гавҳар Шарофзода Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, санҷиш дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва банди 9-и Низомномаи Кумита сурат гирифта, тӯли як ҳафта гурӯҳи кории Кумита фаъолияти Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеои «Тоҷиккино», ҶДММ «Тоҷикдиёр», «Саносинема», «Нурангез», «Адам», «Дарвозфилм», «Суҳайлсинамо», «Ҳамсадо», студияи «Амирӣ-медиа», студияи аудиовизуалии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва дигар студияҳои хурдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, ҳамзамон чунин санҷишҳо дар 17 бозори шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Tags: