Дар Душанбе муқаррароти қонунҳои ФР ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират муҳокима гардид

Масъалаҳои ташкил намудани марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, тарзи гирифтани сертификат, дастрасӣ ба ташхиси тиббӣ, омўзиши забонҳо ва баргузории вохўрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар вохӯрии Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари гурӯҳи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид рушди байналмилалӣ (USAID) Мэри Тайлер Холмс муҳокима гардиданд.
Тавре аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили баргузории вохўриҳо бо аҳолӣ ба миён омад ва тавзеҳ дода шуд, ки ҳадаф аз онҳо фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати ФР, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайрокунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, инчунин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав мебошад.
Дар мулоқот зикр шуд, ки самтҳои асосии марказҳо- ин омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар мебошад. Ҳамзамон вазифаи ин марказҳо муташаккилона сафарбар кардани қувваи корӣ ба хориҷа, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои кордиҳанда, омўзиши касбҳои баландихтисос мутобиқи талаботи давлатҳои бо кор таъминкунанда, омӯзиши забонҳо, дар умум осон намудани мушкилоти муҳоҷири меҳнатӣ ва расонидани кумак ба онҳост.

АМИТ «Ховар»

Tags: