Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Сафорати давлати Фаластин матраҳ гардид

Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Сафорати  давлати  Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда баррасӣ ва дар ин замина  пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин масъала 1 декабр зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин Луай Исса матраҳ шуд.

Зимни вохӯрӣ директори Агентӣ ба Сафир оид ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пурзӯр намудани назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ роҳандозӣ гардидаанд,  иттилоъ дода, меҳмонро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Сафир таассуроташро аз вохӯрии мазкур дар дафтари ёддоштҳои Агентӣ қайд намуд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: