Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳоров бо котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дар Душанбе мулоқот намуданд

Дар ҳошияи машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳоров бо котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқоти рӯ ба рӯ Абдураҳим Қаҳоров ба намояндагони ВАО изҳор кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо мусодат хоҳад кард. «Мо ба ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният ва бехатарӣ аҳамияти хосса зоҳир мекунем ва бо боварӣ изҳор менамоям, ки ҳамкорӣ дар ин самт дар оянда низ идома меёбад», — зикр кард. А.Қаҳоров.

Н. Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Россия таъкид кард, ки мо аз сатҳи муносибатҳо дар бахши таъмини амнияту суботи ду мамлакати шарики стратегӣ – Тоҷикистон ва Россия қаноатманд ҳастем. «Барои ман хеле хушоянд буд, вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва сифати ҳамкории ду кишвар дар доираи муносибатҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Россия баҳои баланд дод», — гуфт Н.Патрушев ва илова намуд, ки «шӯроҳои амнияти ҳар ду мамлакат масъалаҳои таъмини амният ва суботро ҳамоҳанг сохта, ба беҳтару самаранок намудани ҳамкорӣ дар миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мусодат мекунанд».

Иттилоъ дода шуд, ки зимни машварати коршиносон ҳолат ва вазъи суботу амният дар ҳар ду мамлакат, инчунин амнияти минтақавӣ бо назардошти омилҳои таҳрикдиҳанда ва хатарҳои берунӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Евгений Аношин, котиби матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Россия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «зимни машварати кории имрӯза масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти муқобилият бар зидди терроризму экстремизм, аз ҷумла, пешгирӣ кардани ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистону Россия аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии террористӣ барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона, мубориза бар зидди истеҳсол, интиқол ва паҳн намудани маводи мухаддир муҳокима карда шуданд. Дар машварати корӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, инчунин Хадамоти федералии Россия оид ба ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иштирок карданд. Дар ҷараёни ҷаласа имконияти ба роҳ мондани ҳамкории ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россия низ баррасӣ шуданд. Оид ба вазъият дар Осиёи Марказӣ, хатарҳои ба амнияту субот таҳдидкунанда машваратҳо гузаронида шуда, зикр карда шуд, ки миёни ҷонибҳо ҳамкории босамар роҳандозӣ шудааст. Дар баробари ҳамин зарур аст, ки муносибатҳо ҳам дар чорчӯбаи ҳамкории дуҷониба ва ҳам дар доираи муносибатҳои бисёрҷониба бо истифода аз имкониятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар карда шаванд».

Хотиррасон мешавем, ки машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳар сол ду маротиба бо навбат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе баргузор карда мешаванд.