Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ роҷеъ ба амнияти рӯзноманигорон дар ҳамоиши САҲА иштирок кард

18 сентябр дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ дар мавзӯи амнияти рӯзноманигорон сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода суханронӣ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, В.Ниятбекзода дар суханронияш аз тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди шароити мусоид барои кори рӯзноманигорон андешида мешаванд, ҳарф зад.

Ба иштирокчиён таҷрибаи Тоҷикистон дар таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорон, кафолат дар гирифтани иттилоот, инчунин масъулияти мавҷудаи рӯзноманигорон манзур гардид.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: