Дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои олам, Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳӣ бо шири модар оғоз ёфт

Таҳлилҳои солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳанд, ки  кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотие, ки бахшида ба Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида шуд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз намуд.

Бояд зикр намуд, ки  ҳамасола аз 1 то 7  август дар тамоми ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар баргузор мешавад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда, Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Тавре Саида Умарзода  зикр намуд, мақсади асосии гузаронидани  ин ҳамоиш- баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст  ғизо додани кӯдакон мебошад.

Зикр карда шуд, ки дар  ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон,  фавт дар байни онҳо то 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошад. Тадқиқот собит сохтаанд, ки бемориҳои мазкур бештар аз ҳама дар байни кӯдакони синни бармаҳал вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд.

Гуфта шуд,  дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кӯдакро қонеъ гардонад, дар он сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6- моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн  ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо  зарур аст.  Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар  намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кӯдаки ширмак онро истеъмол намояд.

Бино ба иттилои С.Умарзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, айни ҳол тасмим гирифтааст, ки стратегия ва нақшаи  коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак»-ро бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд таҳия намояд. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рӯҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

«Тадқиқоти тиббӣ-демографии соли 2017 нишон дод, ки нишондоди ғизодиҳӣ танҳо бо шири модар (то сини 6-моҳагӣ) соли 2012   дар сатҳи ҷумҳурӣ 34 фоизро ташкил медод, ки  ин нишондиҳанда  то соли 2017 ба 36  фоиз афзудааст, ки ин хеле кам аст. Дар баробари  ин  маълум гашт, ки 18 фоиз кӯдакони то 5-сола қадпастӣ (соли 2012 – 26 фоиз),  8 фоизи кӯдакон камвазнӣ (соли 2012-12 фоиз), 6 фоиз лоғарӣ (соли 2012 – 10 фоиз) доранд.  Ҳамзамон 41 фоизи синни қобили таваллуд ва 42 фоизи кӯдакони аз 6-моҳа то 5- сола аз камхунӣ азият мекашанд», — иброз дошт С.Умарзода.

Давоми ин маърака дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар байни аҳолӣ вохӯрию барномаҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: