Ҳайати расмии дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия ба Душанбе меояд

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни дастгоҳҳои Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои амнияти Федератсияи Россия рўзҳои 31 октябр – 1 ноябри соли 2017 ҳайати расмии дастгоҳи Шўрои амнияти Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар назар дошта шудааст, ки зимни мулоқотҳои дуҷониба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амнияти кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»