Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар бахши тандурустӣ вусъат меёбад

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Ясмин Гуедар, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа омаданд, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар Франся, доир намудани курсҳои бозомӯзӣ дар дохили Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ табодули таҷриба дар самти бемориҳои дилу рагҳо ва ба тариқи ройгон роҳандозӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаб ҳамкориҳоро вусъат диҳанд.
Ясмин Гуедар, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки мутахассисони фаронсавӣ ва корпуси дипломатии кишвари Франся дар Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои бештар дар самти тандурустӣ мебошанд.