Ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев  дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Молдова ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ, 30 январи соли 2018 бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова хонум Татяна Молчан мулоқот баргузор намуд. 

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла, масъалаҳои баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова роҷеъ ба иқтисод, савдо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, ки моҳи феврали соли 2018 дар Кишинёв дар назар аст, инчунин як зумра  маъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо зарурати идома ва густариши ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдоваро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

АМИТ "Ховар"