Ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои рушди Бунёди Оғохон тавсеа меёбад

Андешидани тадбирҳо бобати бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди шаҳраки нав аз мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо намояндаи доимии шабакаҳои рушди Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Алӣ Акбар Песнанӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нилуфар Асламшоева, корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон хабар дод, ки зимни мулоқот Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои рушди Бунёди Оғохон тавсеа ёфта, дар кишвар як қатор барномаҳо амалӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти сокинони маркази вилоят дар самти дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ дар мавзеи Тем барои бунёди шаҳраки нав бо инфрасохтори муосир замин ҷудо гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кандани заҳбуру заҳкашҳо дар ин мавзеъ идома доранд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки шабакаҳои рушди Бунёди Оғохон низ дар бунёди ин шаҳрак бо бунёд намудани меҳмонхонаи замонавӣ ва дастгирии соҳилмустаҳкамкунӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Алӣ Акбар Песнанӣ иброз намуд, ки самараи неки ҳамкории шабакаҳои рушди бунёди Оғохон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало эҳсос мегардад. Шабака ният дорад, ки дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷиҳати таъмини сӯзишворӣ ва тухмии картошка саҳми худро гузорад.

АМИТ "Ховар"