Дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни ВНМО» муаррифӣ гардид

Дирӯз дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)» муаррифӣ гардид.  Қурбон Гиёев, мудири  кафедраи кори иҷтимоии факултаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки воситаи таълимӣ   бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Беҳтар намудани  хизматрасонии иҷтимоӣ ва сифати таълим дар соҳаи кори иҷтимоӣ дар доираи ВНМО»   дар зарфи ду сол омода гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи  воситаи таълимӣ омода намудани мутахассисони варзида дар бахши кор бо гирифторони бемории  масунияти норасоии инсон мебошад.

Таъкид шуд, ки барномаи мазкур аз ҷониби  донишҷӯён ва устодони  шуъбаи «кори иҷтимоӣ» ва «хизматрасониҳои иҷтимоӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар ҷараёни корҳои  амалӣ истифода бурда мешавад. Барномаи омӯзишӣ барои кормандони бахши иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ба гирифторони    ВНМО нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар муаррифии воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)»  Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зикр кард, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон тадбирҳои муассир андешида, корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Қабули Барномаи миллӣ  барои солҳои 2017-2020, инчунин таъсиси Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон аз ҳамин қабиланд.

АМИТ "Ховар"