Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Нагасаки

9 август  Сафири   Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар маросим бахшида ба 72-юмин солгарди ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Ҳиросима ва Нагасаки ширкат варзид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  маросими ёдбуд дар Боғи ёдбуди сулҳи шаҳри Нагасаки, воқеъ дар наздикии маркази таркиши аслиҳаи ядроӣ бо иштироки Сарвазири Япония Синдзо Абэ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, губернатори музофоти Нагасаки Ҳодо Накамура, раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Япония, ходимони ҷамъиятӣ ва мардуми Япония баргузор шуд.
Иштирокчиён дар назди муҷассамаи ёдгории ёдбуди қурбониёни бомбаи атомӣ гул гузоштанд. Баъд аз садои зангӯла ва бонги хатар расо соати 11:02 иштирокчиён дар назди хотираи тамоми қурбониён як дақиқа сукут карданд.
Дар ҳошияи маросим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Япония Таро Коно ва бо раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ вохӯрӣ намуд.

АМИТ «Ховар»